Ба гузориши ИКНА, Абосалт мегӯяд: дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон хидмати имом Ризо (а) расидам. Ишон фармуд: Эй Абосалт, бештари моҳи Шаъбон сипарӣ шуда ва имрӯз охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон аст, пас дар рӯзҳои боқимонда кӯтоҳиҳои рӯзҳои гузаштаро ҷуброн кун ва бояд ба ончи бароят муҳим аст иқдоме кун.
1. Зиёд дуо кун.
2. Зиёд истиғфор кун.
3. Зиёд Қуръон тиловат кун.
4. Аз гуноҳонат ба даргоҳи Худо тавба кун то холисона ба моҳи Худо ворид шавӣ.
5. Ҳар амонате, ки гардант ҳаст адо кун.
6. Тамоми кинҳҳое, ки дар дилат нисбат ба муъминон дорӣ, аз дил берун кун.
7. Ҳар гуноҳе, ки ба он мубтало ҳастӣ аз он даст бикаш ва тақвои Худо пеша кун ва дар ошкор ва пинҳон бар Худо таваккул кун.
8. Ва дар рӯзҳои боқимондаи ин моҳ бисёр бигӯ: «اللَّهُمَّ إِنْ لَمْ تَکُنْ غَفَرْتَ لَنَا فِیمَا مَضَی مِنْ شَعْبَانَ فَاغْفِرْ لَنَا فِیمَا بَقِیَ مِنْهُ»; Худовандо агар дар рӯзҳои гузаштаи Шаъбон моро наёмурзидӣ, пас дар рӯзҳои боқимонда биёмурз.
Манбаъ: Уюну Ахборир-Ризо (а), Ҷилд 2, сафҳаи 51.